БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар ганҷинаест инсонро ба мақсад мерасонад

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи  Ғофилободи ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳа бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров ва дигар шахсони даъватӣ иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти  робита бо маҳал,  риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  ба дарки ҷомеа  расонидани озмунҳои ҳизбӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!»   баррасӣ карда шуданд.  Дар охир бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳа намоиши ҳунарҳои дастии сокинони деҳа, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ва дигар намуди  ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg