БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсози миллат

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии нозироти андози ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев ва корманди масъули Кумитаи иҷроия Сафаралӣ Шарифзода хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд.

Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Самадов Искандар дар бораи муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зидди коррупсионӣ дар онҳо баромад кард.

Гадоӣ Сайдалиев бошад  дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон аз ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, афзоиш додани саифи  аъзои ҲХДТ аз ҳисоби шахсони арзанда, баланд бардоштани малакаи дониш ва тарбияи фарзандон, арҷ гузоштан ба аришҳову дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нодиртарин падидаи  сиёсӣ  ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз мебошад,  андешаронӣ карда,  онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg