БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолони соҳаи тиб дар рӯзи иди касбиашон бо туҳфаҳои ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд

Н.ХУСРАВ. Вобаста  ба  иҷрои  дастуру  супоришҳои  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон- ҳизби  созандаю  бунёдкор Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири Хусрав ҷиҳат  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи ҷавонон  дар  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ, бахшида  ба  Рӯзи  кормандони  соҳаи  тандурустӣ   дар  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  “Беморхонаи  марказӣ”-и  ноҳия  бо  иштироки  кормандони  соҳаи тиб вохӯрӣ  баргузор намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав Алиева Сураё   кормандони  соҳаи  тандурустиро  ба  рӯзи  иди  касбиашон  табрик  намуда,  аз кору фаъолият ва дастони шифобахши  табибон, ки ба беморон дармон мебахшанд,  андешаронӣ карда  ба як қатор  фаъолони сохаи тандурустӣ  барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  туҳфаҳо   ва  Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав сарфароз гардонид.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg