БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафарбаркунии мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири шукуфоии Ватани азизамон!

КУШОНИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии  “КДФ ва обтаъминкунӣ” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, ташаккули фарҳанги техники мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимои бо мақсадӣи пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи  нодурусти онҳо баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Абдуллоев Мирвоҳид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроия Асроров Саидшо гузаронида шуда масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Солит тақвияти робита бо маҳал, огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир  андешаронӣ намуда, онҳоро бори дигар ҳушдор доданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон беаҳамият набошанд.

Баъдан дар рафти чорабинии мазкур ҷиҳати тарғиботии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя хал мекунем!” доир гардид, ки иштирокдоронро барои анҷоми корҳои хайру сахо, корҳои ободониву созандагӣ, сафарбар кардани мардум ба тозаю озода намудани маҳали зист, кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа раҳнамоӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg