ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Меҳробод ҳашари умумӣ баргузор гардид.





























