БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оромиву осудагии давлату миллат дар дасти худи мост!

ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, аз тарафи кормандони масъули ҳизб дар ҷамоати деҳоти Ховалинг оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, ба ҳозирин хеле писанд омад.  

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Халилов  дар баромадаш атрофи дастуру супоришҳои аз Паёми навбатии Пешвои миллат бароянда, роҳҳои мубориза бар зидди  терроризм ва экстремизм, истифодаи сарфакорона аз қувваи барқ ва пардохти маблағи истифодаи он, роҳ надодан ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ,  истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир ва сомонаҳои интернетӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳо хавфноки сироятӣ-ВИЧ/СПИД, дар замири ҷавонон тарбия намудани ҳиссӣ ватандӯстию хештаншиносӣ, ба онҳо фаҳмонидани моҳияти хизмат ба Ватан, риояи қонунҳои миллӣ сухан ронда, аъзои ташкилоти ибтидоиро ба иҷрои самтҳои муайянгардида роҳнамун сохт.

Дар хониши сиёсӣ чанде аз иштирокдорон Юсуфов С, Набиев Р, Ҳасанов М, П.Ҳусайнов ва дигарон баромад намуда, терроризму экстремизм, мубориза ба онро вазифаи аввалиндараҷаи худ ва сокинони кишвар ҳисобида, қайд намуданд, ки тинҷии давлату миллат дар дасти худи мост. Агар мо ҳушёриро аз даст надиҳем, ва ба кормандони қудратӣ ҳамкорӣ намоем, онҳоро  аз фаъолияти шахсони шубҳанок огоҳ намоем,  метавонем  амалҳои террористии тарҳрезишударо пешгирӣ намоем.

Сафар Халилов барои ибрози чунин як пешниҳоди муфид, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо мегирад, ташаккур баён намуда, ба аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар мубориза  ба ин вабои аср барору комёбиҳо таманно намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg