БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз ташаббусҳои созандаи ҳизбиён миннатдоранд

ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Аловиддин" бахшида ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ҳунармандону деҳқонони деҳаи Аловиддини  ҷамоати деҳоти Фархор дар се самт ҳунару маҳсулотҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабилӣ чодардӯзӣ, гулдӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, чӯбтарошӣ, оҳангарӣ, танӯрсозӣ, дарвозасозӣ, хӯрокҳои миллӣ, оши палов, қурӯтоб, шакароб, оши бӯрида (отала), нонҳои танӯрӣ, шириниҳо, полезиҳо, мевагиҳо, растаниҳо, чорвои калону майда, аспҳои зоти тоҷикӣ ташкил медод.

Қисми дигари чорабиниро санъаткорону мутрибон идома дода бо сурудҳои мазмуни ватандӯстонадошта табъи сокинонро болида сохтанд.

Дар охири чорабинӣ сокинони деҳаи Аловиддин иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро ба хушнудӣ пазируфта, барои доир намудани чунин чорабинии сатҳи баланд минатдории хешро баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg