БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташаббусҳои неку созандаи ҲХДТ ба манфиати халқу давлат равона гардидаанд!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «Ҷангал» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат оид ба тарғиби самтҳои фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ таҳти шиорҳои «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал» ва  татбиқи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ намуд.

Ҷамъомадагон суханрониҳои мавсуфро  хуб пазируфта, иброз доштанд, ки  мо масъулони ҳизбӣ дар амалӣ  гардидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  саҳми арзандаи хешро хоҳем гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg