БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими раванди худшиносии миллӣ дар даврони истиқлолият

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев, Моҳира Одинаева, Саидҷалол Ҷалилов ва Шарифзода Сафаралӣ  дар якҷоягӣ бо омӯзгорону фаъолон ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар  деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти  Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин дар назди ҷамъомадагон дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа суханронӣ карданд.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Илёсиддин Набиев иштирок ва суханронӣ намуд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз намоишгоҳи намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба ҳунару маҳорати  ҳунармандони касбӣ баҳои баланд доданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg