БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ як рукни фарҳанги миллӣ мебошанд

ВОСЕЪ. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳаи Гулруди ҷамоат деҳоти ба номи Абдӣ Авазов намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила ба сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеа буда, ба маҳсули дасти онҳо бояд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда шавад. Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда, мо бояд онҳоро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошад.

Ҳамзамон, сокини деҳаи Гулруд Рӯзиев Султонмурод қайд кард, ки  иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат барои мо имкон медиҳад, ки ба фарҳанги қадима ва ҳунарҳои гузаштагони мардуми тоҷик рӯ оварем. Ба назари мо як хусусияти нек ва манфиати баргузории ҷашнҳои байналмилалӣ дар Ватани маҳбуби мо -Тоҷикистон дар он аст, ки дар раванди онҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад ва диққати сайёҳони хориҷӣ ва дохилиро ба худ ҷалб месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg