БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандию нашъаҷалобӣ

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳо дар деҳаи Суғдиёни ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи "Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандию нашъаҷалобӣ" доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов иштирок ва суханронӣ намуд. Одилҷон Маҳмадов зимни баромади хеш қайд намуд,­ ки охирҳои асри ХХ ва ибтидои асри XXI нашъамандӣ масъалаи глобалии тамоми ҷаҳониё­н гаштааст. Имрӯзҳо теъдоди касоне, ки ба­ ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Он­ҳо шояд аз нодонистани оқибатҳои он ё бо­ сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд.
Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъам­андиро медонанд, дарёфт кардани он ба кад­ом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст.­ Дар натиҷаи дарёфт накардани маблағ онҳо­ тамоми дороии хонаашонро фурӯхта, онро ме­харанд. Худро бехонумон гардонида, зану ф­арзандон ё волидони хешро хонабардуш мега­рдонанд.
Бадбахтона таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ­дар байни нашъамандону нашъаҷалобон занон­у модароне низ ёфт мешаванд, ки ба ин ама­ли нангину номатлуб даст мезананд. Қадру ­манзалати бузурги зан- модарро, ки олиҳаи­ ҳусну зебоӣ ва асоси ҳастии зиндагист, б­ештар паст мезананд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg