ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳо дар деҳаи Суғдиёни ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи "Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандию нашъаҷалобӣ" доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов иштирок ва суханронӣ намуд. Одилҷон Маҳмадов зимни баромади хеш қайд намуд, ки охирҳои асри ХХ ва ибтидои асри XXI нашъамандӣ масъалаи глобалии тамоми ҷаҳониён гаштааст. Имрӯзҳо теъдоди касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Онҳо шояд аз нодонистани оқибатҳои он ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд.
Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблағ онҳо тамоми дороии хонаашонро фурӯхта, онро мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардуш мегардонанд.
Бадбахтона таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар байни нашъамандону нашъаҷалобон занону модароне низ ёфт мешаванд, ки ба ин амали нангину номатлуб даст мезананд. Қадру манзалати бузурги зан- модарро, ки олиҳаи ҳусну зебоӣ ва асоси ҳастии зиндагист, бештар паст мезананд.