ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Касбомӯз» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор шуд.
Дао он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева София ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз чумла фаро гирифтани шумораи бештари шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳо, ки онҳо ояндаи давлату миллат мебошанд, андешарои намуда, инчунин дар ин росто ҳадафи озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи хатлон», «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин доиркунандаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ» ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ҳамагон расонида шуд.