БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кишоварзӣ шуғли сердаромад мебошад

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии “Бойторӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомаҳмадзода Музаффар, мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Ҳошимов Тоҳир иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон оид ба суханронии Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолону  кишварзони вилояти Хатлон вобаста ба соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара доиргардида қайд намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла  ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, истеҳсол ва  содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба таври кофӣ захира кардани хӯроки чорво барои аз зимистон солим баровардани чорво  дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҷараёни хониши сиёсӣ иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда доранд.

Дар идомаи вохӯрӣ масъулин  оид ба огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мумнӯъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза ба онҳо   андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg