А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Кӯҳдоман»-и деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади амалигардонии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар рафти хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Суннатулло оид ба фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл баромад карда, аз иштирокдорон барои амалигардонии Аксияи ҳизбӣ, ки ба беҳбудии рӯзгори сокинон ва рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол равона карда шудааст, даъват ба амал овард.
Дар охир чанде аз иштирокдорон иброз доштанд, ки Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!»-ро бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатманд, соҳибкорону фаъолон деҳа роҳандозӣ менамоем.