ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Гулафшон» бо иштироки сокинони кӯчаҳои баландошёнаи Сомонӣ 26, 28 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як шаҳомати хоса баргузор гардид.
КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Тамошотеппаи шаҳри Кӯлоб бо ҷалби сокинон гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Палвонтуғайи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳия дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
ЁВОН. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати фаҳанги миллӣ эълон гардидааст, дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
ДӯСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ масъулин дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои Пахтакор ва Умеди ҷамоати деҳоти Навзамин дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон» ва «Кадбонуи беҳтарин» ташкил ва гузаронида шуд.
ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ин навбат дар деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугараки бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
ВАХШ. Вохӯрии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Оқтеппаи ҷамоати шаҳраки Киров бо сокинони маҳал баргузор гардид.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Даво» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан иштирок ва сухунаронӣ намуданд.
БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон дар нимаи дуюми соли 2018 оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони деҳаҳои Диҳии куҳна ва Боймирзои ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Ами
Ҷ.БАЛХӢ. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Фурманови ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби занони маҳал чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12