БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Октябр 2018

Пешвои миллат: Хизмати ҷавонон ба Ватан-Модар муқаддас аст!

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ифтихор»-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ   Самадзода Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Ҷамолиддини Маҳмадшариф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

ҲХДТ - нерӯи муттаҳидкунандаи аҳли ҷомеа мебошад

ПАНҶ. Дар доираи татбиқи бандҳои ҷадвали вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ чорабиниҳои ташвиқотиву таблиғотӣ дар сатҳи баланди  сиёсӣ роҳандозӣ гардида, сокинон баргузории онҳоро бо хушнудӣ қабул намуда истодаанд.

Устувории пояҳои давлатдорӣ аз оилаи солим вобастагӣ дорад

КӮЛОБ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-3” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони даъватӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Тантанаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал идома доранд

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои қадима намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон ва маҳсулоти кишоварзӣ намоиш дода шуда.

Фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушд намуд

ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Fарави ҷамоати деҳоти Даҳана  дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон бо мақсади иҷрои чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи Ваҳдат,  20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-майи ҷамоати шаҳраки Балхӣ вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ гузаронид.

Терроризм ва ангезаҳои бедоркунандаи ақидаҳои ифротиро маҳкум мекунем

ВОКУНИШ. Экстремизми динӣ яке аз падидаҳои манфии иҷтимоиест, ки ба шууру рӯҳияи ҷомеа, ахлоқ, идеология, муносибатҳои байни қавму табақаҳои гуногун, иттиҳодияҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳатто равобити байни давлатҳо таъсири бад мерасонад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ экстремизм ин ҷонибдорӣ аз ақида, мавқеъ ва тадбирҳои ифротӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад.

Иборае ҳаст, ки «саг аккос мезанаду корвон бо роҳи худ меравад»

ВОКУНИШ. Матолиби дар шабакаи «Паём-нет» интишоршударо мутолиа намуда ҳамчун шахси соҳибҳуқуқ хостам назари худро дар мавриди ин мақолаи сар то по  муғризона пешниҳоди хонанда намоям.

Ҳифзи марзу буми ин Ватан вазифаи ҷонии шаҳрванд ва хоса ҳар як ҷавонон аст!

ВОКУНИШ. Дар мамлакати тинҷу ороми мо ашхоси нотавонбине ёфт мешаванд, ки дастоварду комёбиҳои халқи тоҷик, пешрафту тараққиёти кишвар, шукуфоӣ, ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сериву фаровонӣ, оромиву осудагии мардумро намехоҳанд, ба онҳо бо назари кинаву ҳасад менигаранд.

Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба тундгароӣ мухолифатҳои дохилимазҳабӣ бар асари ворид шудани исломи ғайрианъанавии сиёсӣ мебошад

ВОКУНИШ. Заминаи имконпазири афзоиши сафҳои тундгароён ва ифротиёнро дар замони ҳозира асосан ҷавонони 18 то 27 сола, ки ба дараҷаи камолоти иҷтимоӣ ва пайдо кардани таҷрибаи ҳаётӣ ва касбӣ нарасида, бар асари заиф будани ақидаҳои ахлоқиашон метавонанд ба осонӣ фирефта шаванд, мо  бояд  миёни  ин  ниҳод  корҳои  фаҳмондадиҳиро зиёд намоем, кӯшиш намоем  ҷавононро  ба  касбомӯзи сафарбар  намоем.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg