БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба тундгароӣ мухолифатҳои дохилимазҳабӣ бар асари ворид шудани исломи ғайрианъанавии сиёсӣ мебошад

ВОКУНИШ. Заминаи имконпазири афзоиши сафҳои тундгароён ва ифротиёнро дар замони ҳозира асосан ҷавонони 18 то 27 сола, ки ба дараҷаи камолоти иҷтимоӣ ва пайдо кардани таҷрибаи ҳаётӣ ва касбӣ нарасида, бар асари заиф будани ақидаҳои ахлоқиашон метавонанд ба осонӣ фирефта шаванд, мо  бояд  миёни  ин  ниҳод  корҳои  фаҳмондадиҳиро зиёд намоем, кӯшиш намоем  ҷавононро  ба  касбомӯзи сафарбар  намоем.

Ҷиҳати ташаккул додани андешаи миллӣ ва пурзур намудани корҳои мафкуравӣ мо бояд амалан андешаи миллии муттаҳидкунанда, муҳимтарин шарти ҳифзи ваҳдати миллӣ, бақои давлатдории миллӣ ва бунёди садди устувор дар роҳи вуруд  ва  паҳншавии ғояҳои тундрав  татбиқ  намоем.

Масалан, фаъолияти гурӯҳҳои ҳамоҳангшуда ва мақсаднок доир ба пешгирии маҷмӯии тундгароӣ ва экстремизм ба  таври  дахлдор  ташаккул  дода  шавад.

Маводи иттилоотӣ ва роҳнамо доир ба созмонҳои экстремистию террористӣ, инчунин, буклетҳои иттилоотӣ, воситаҳои айёнии ташвиқу тарғиб рӯи  чоп  оварда  байни  аҳолӣ  тақсим  карда  шавад.

Аз ин лихоз, зарур аст, ки ҷиҳати ташаккули корпуси нерумандии мафкуравӣ дар пешгирии тундгароӣ ва экстремизм, омода намудани мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо экстремизм ва терроризм, баланд бардоштани нақши пешгирикунандаи рӯзномаи  ноҳиявӣ  ва  сомонаҳои  интернетӣ ва таъмини  ниҳодии  пешбурди  корҳои  таҳлилӣ,  иттилоотӣ ва  ташвиқотӣ  дар  ин  самт  чораҳои  муассир  андешида  шавад.

Дар самти пешгирии экстремизм ва ташаккули фарҳанги таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ бояд  гуфт,  ки муҳити динӣ бар асари омилҳои гуногун аз лиҳози паҳншавии мафкураи тундгароӣ ва назариёти экстремистӣ аз ҳама бештар осебпазир мебошад.

Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба тундгаро мухолифатҳои дохилимазҳабӣ бар асари ворид шудани исломи ғайрианъанавии сиёсӣ, донишҳои нокифояи динии ахолӣ шуда метавонанд. Таъмини ҳамдигарфаҳмӣ ва ташаккули фарҳанги таҳамулгароӣ дар муҳити дин, ин дастгирии рӯҳониёни  муътадил дар муборизаи  онҳо  бо  равияҳои  тундгаро зиёд  бояд  кард.

Ҳифзи  ҳуқуқ ва озодиҳои динии  шаҳрвандон, роҳ  надодани ба  монеашавии  ба  фаъолияти  қонунии  иттиҳодияҳои  динӣ ё анҷоми маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро  вайрон  накунанд  ва  ба  ҳуқуқи  шаҳрвандон  халал нарасонанд.

Огоҳкунии ноболиғон ва ҷавонон аз экстремизм ва  тундгароӣ  шартан  зарур  буда дар  ин самт баланд  бардоштани  сифати таълим,  ташкили  шароит  барои  фароғат   ва ҳал  намудани  мушкилиҳои  иҷтимою   иқтисодии   ҷавонон   диққати   калон   додан   зарур   аст.

Барои огоҳонидан аз тундгароӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон мебояд аз синну соли томактабӣ ва мактабӣ, ки дар замири кӯдак ҳисси муҳаббат ба Ватан ва ватанпарастӣ ташаккул диҳем.

Тақвияти муқовимат бо тундгароии ҷавонон инчунин андешидани тадбирҳои иловагиро ҷиҳати кам кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар намудани шароитҳои фароғат  ва  касбомӯзиро барои  ҷавонон  зиёд   намоем.

Яке аз ҷамбаҳо пешгирии тундгароӣ ва экстремизм ба инобат гирифтани нақши гендер, яъне интизориҳои иҷтимоӣ нисбати рафторе, ки барои мард ва зан муносиб дониста мешавад, аҳамияти зиёд дорад.

Пурра рушд наёфтани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои занон ва норозӣ будан аз мавқеи худ дар ҷомеа низ омили мусоидаткунанда ба ҳассосияти занон нисбати даъватҳои экстремистӣ маҳсуб мешавад.

Созмонҳои террористӣ ба сафҳои худ бештар занонро аз гурӯҳҳои осебпазир ва бо хешовандону атрофиёнашон мушкилидоштаро бо ваъдаи озодӣ, баробарӣ, ташкили оилаи нав ва ғайра ҷалб менамоянд.

Вобаста ба ин, сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини баробарии гендерӣ мебояд барои боз ҳам таҳким бахшидан ба масъалаҳои фароҳам овардани шароитҳои баробар барои худамалисозии шахсият дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ, новобаста аз мансубияти ҷинсӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеа, инчунин таъмини баробарии мардон ва занон дар муносибатҳои оилавӣ зарур  аст.

Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ, аз байн бурдани омилҳои вобастагии равонии занон, ҷазбкунии онҳо аз ҷониби хешовандони наздик ва унсурҳои ифротгаро, пешгирии тундгароӣ ва экстремизм дар муҳити занон дар  ноҳия мо бояд диққати махсус диҳем.

Муқовимат ба истифодаи Интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ  маълум  аст,  ки технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус шабакаи Интернет омили стратегие мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва ҷонибдоронашон аз онҳо ҷиҳати пешбурди ташвиқоти густурдаи экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ истифода мебаранд.

Дар баробари ин, моро зарур аст, ки вобаста ба истифодаи имкониятҳои Интернет ҷиҳати пешбурди фаъолияти васеъ оид ба аксуламалҳои тарғиботӣ тадбирҳои иловагӣ андешидем.

Бояд сомона оид ба пешбурди аксуламалҳои тарғиботӣ, ки барои аҳолӣ, хусусан ҷавонон маводи дастрас ва фаҳмои шарҳдиҳандаи зидди экстремистиро нашр мекунанд, ташкил  намоем ва ҳамарӯза мақолаҳои шарҳдиҳандаи зидди экстремистиро  чоп  ва  дастрас сокинон  гардонем.

Кадрҳои баландихтисос доир ба пешбурди вокунишҳои иттилоотӣ ва мафкуравӣ зидди  экстримизм  ва терроризм дар шабакаҳои  Интернетӣ   ташкил  намоем.

Кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити афзоиши босуръати аҳолии қобили меҳнат, муҳоҷирати меҳнатӣ омили муассири таъмини аҳолӣ бо шуғл, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин, таъмини субботи иҷтимоӣ гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубоши худ таҳти хатари зиёди тундгаро шудан ва ба сафҳои ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ чалб гардидан қарор доранд.

Аз ин рӯ, бо мақсади бартараф намудани шароитҳое, ки ба тундгароии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалбкунии онҳо ба фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ мусоидат менамоянд, зарур аст,  мо бояд  бо  волидайни  онҳо  дар  маҳалҳо  сӯҳбату  вохӯриҳо доир намоем то ба воситаи алоқаи телефонии  фарзандони худро  аз хатарҳои  гурӯҳҳои экстримистӣ террористӣ  огоҳ  намоянд.

Инчунин, пеш аз сафар ба муҳоҷирони меҳнатии ноҳия  сӯҳбату  вохуриҳо доир  намуда  онҳоро  бо  маводҳои  иттилоотӣ  зидди  экстримистӣ -террористӣ   таъмин  намоем.

 

Ҷалолиддин Камолзода- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg