БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Устувории пояҳои давлатдорӣ аз оилаи солим вобастагӣ дорад

КӮЛОБ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-3” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони даъватӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ аз тарафи иштирокчиён қайд карда шуд, ки яке аз сабабҳои пайдо шудани нофаҳмиҳо дар оила ва ҷудо шудани оилаҳои ҷавон ин тарбияи дуруст нагирифтан дар оила ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Аз ин рӯ падару модаронро мебояд, ки пеш аз  оиладор намудан писар ва ё ба шавҳар додани духтарон онҳоро ба ҳаёти оилавӣ пурра омода намуда, ба фарзандон касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзонанд.

 Инчунин, дар ин чорабинӣ масъалаҳои зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи  таълиму тарбияи фарзанд”, муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии сироятшавӣ аҳолӣ аз бемориҳои ВНМО/ВНБ суханронӣ намуда, ба иштирокчиён тавзеҳоти мушаххас доданд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg