А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ифтихор»-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Ҷамолиддини Маҳмадшариф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ дар бораи ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот ва амнияти кишвар, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа маълумот доданд.
Аз ҷумла, оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои ҷамъбасти озмунҳои ҳизбӣ даъват намуданд.