Ш.ШОҲИН. Тоҷикистон ҳамчун биҳишти рӯи замин эътироф шуда, ҳамаи минтақаҳои он ба соҳаи туризму сайёҳӣ мувофиқу ҷолиб аст. Алалхусус мавзеъҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо табиату обҳои софу мусаффояш диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
А.ҶОМӢ. Мувофиқи талаботи мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Хуррамзамин»-и деҳаи Роҳи Ленини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳия бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Якуми майи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон дар самти паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хона
ХОВАЛИНГ. Сокинони деҳаи Зардакии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо суҳбати гузаронидаи мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷ. Қаюмовро оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо диққат гӯш намуда, аз он хулосаи даркорӣ бароварданд.
ҲАМАДОНӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳалаи Закариёи Розӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлатҷол Ғаффорзода чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
ФАРХОР. Мулоқоти навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пӯсту зуҳравӣ» сурат гирифт.
ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Шириноби ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳот баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар нерӯгоҳи обии барқии шаҳр хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор гардид.
ПАНҶ. Тоҷикону ӯзбеконро ҳамзистии чандинасра ба ҳам наздику ҳамтақдир кардааст. Дар Осиёи Марказӣ ягона миллатҳое, ки аз рӯйи урфу одат, расму русум ва анъана ба ҳам наздиканд, тоҷику ӯзбек мебошанд. Тӯли асрҳо ҳамзистӣ халқҳои мо шодиву ғамро якҷоя дидаанд.
МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи Мӯъминобод вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12