БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо дар ҳамбастагӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро татбиқ мекунем!

А.ҶОМӢ. Мувофиқи талаботи мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Хуррамзамин»-и деҳаи Роҳи Ленини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳия бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Самадзода Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Ҷамолиддини Маҳмашариф оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал суханронӣ намуда, барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани корҳои хонагӣ, дар доираи қонунҳои миллӣ давом додани зиндагии шоистаи мардум ва дар асоси Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон-Тоҷикистони азиз андешаронӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg