БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баҳри зиндагии шоистаи шаҳрвандон

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи  Мӯъминобод вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии ҷангал» Ҷалолов Сайдакбар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Гулсунбӣ Раҷабова дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ, роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Точикистон, пешгирии омилҳои номатлуб, фарҳанги оиладорӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, баланд бардоштани донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим ва муқовимат бо коррупсия, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, андешаронӣ карда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва роҳандозии  Аксияи ҳизбии мазкур даъват  намуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg