БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шарафи бузург аст!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар нерӯгоҳи обии барқии шаҳр хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат ба сухан баромада,  иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикиӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки зимни баёни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ аввалин бор аст, ки маҳдудияти барқ пурра бардошта шуд ва мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шудем. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати сартосарӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ дар нисбат ба дигар кишварҳо ба маротиб арзон аст. Пас агар муқоиса кунем, аз ҳама барқи арзон дорем ва мебояд ба қадри он бирасем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg