БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳар гӯшаи Ватан тамошобоб аст!

Ш.ШОҲИН. Тоҷикистон  ҳамчун биҳишти рӯи замин эътироф шуда, ҳамаи минтақаҳои он ба соҳаи туризму сайёҳӣ мувофиқу ҷолиб аст. Алалхусус мавзеъҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо табиату обҳои софу мусаффояш диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

Яке аз чунин мавзеъҳои дилфиреб ин минтақаи Даштиҷум ба шумор меравад, ки  бо табиати афсункор ва анори нодираш дар саросари кишвар ва хориҷи он ном баровардааст.  Аз ин ҷост, ки ҳангоме,ки Пешвои миллат 13 сентябри соли 2017 ба ноҳия ташриф оварданд, аз анор ва рушди соҳаи анорпарварӣ дар минтақаи Даштиҷум таваҷҷуҳ намуданд.

Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ба деҳаи Даштиҷуми Ҷамоати деҳоти Даштиҷум ташриф оварда вохурӣ доир намуданд.

Вохӯриро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Ҳошимов Абдураҳим кушода, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Дар идома вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳия Саидов Бобохон доир ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир суханрони намуда мардумро баҳри аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ  даъват намуд.

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg