
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Якуми майи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон дар самти паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода бо сокинон доир гардид.
Зимнан кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидзода атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вобаста ба масъалаи ба миён гузошташуда, муфассал суханронӣ намуда, ҳозиринро қаноатманд намуданд.
Дар фарҷом кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода ва Фарҳод Обидзода ба суолҳои ҳозирин вобаста ба масъалаи ҷойдошта, ҷавобҳои амиқ гардонид.