
ФАРХОР. Мулоқоти навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии «Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пӯсту зуҳравӣ» сурат гирифт.
Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар зимни баромади худ бештар дар мавзӯъи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти сокинон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки мо ҳизбиён ҳадаф гузоштем, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сирояткунанда, ба монанди ВНМО/АНМО, Гепотит, сил ва ғайраҳоро миёни мардум таблиғот намуда, ба дарки ҷомеа расонем, ки саломатии ҳар яки мо дар дасти худи мост ва бо ин роҳ маданияти муносибати ҷомеаро ба гирифторони ин бемориҳо баланд бардорем.
Дар ин самт мо масъулон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом додем ва то андозае дар тафаккури мардум ҳисси муқовимат бар зидди чунин бемориҳоро бедор намудем.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмнов Далер иштирок дошта, атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуда, аз падару модарон даъват ба амал овард, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.