ХОВАЛИНГ. Сокинони деҳаи Зардакии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо суҳбати гузаронидаи мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷ. Қаюмовро оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо диққат гӯш намуда, аз он хулосаи даркорӣ бароварданд.
Ҷ. Қаюмов дар баромадаш ҳозиринро ба он вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сазовору арзанда пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, шинос намуд. Сипас, мавсуф дар бораи зарурат ва аҳамияти истифодаи самаранок ва мақсадноки нерӯи барқ, хатари ба ҷомеадоштаи терроризму экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирӣ аз фарҳанги бегона, коррупсия, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир маълумоти муфассал дода, ҷамъомадагонро ба риоя ва мубориза ба ин падидаҳои номатлуб водор сохт.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия А.Ҳакимов дар баромади худ таҳти унвони « Хатарҳои замони нав ва роҳҳои мубориза ба муқобили онҳо» дар бораи рӯз то рӯз домон паҳн намудани терроризм ва ифротгароӣ, фаъолияти иғвоангезонаи ҲНИ ва амалҳои бо дастури роҳбарони он ба амаломада сухан ронда, фаъолияти онро, ки бар зидди инсоният, тинҷию осудагии мардум, пешрафту тараққиёт нигаронида шудааст, маҳкум намуд.
Корманди Маркази тарзи ҳаёти солим А.Қодиров дар бораи беморҳои хавфноки табобатнашаванда, аз ҷумла бемории ВИЧ/СПИД бо далелҳо маълумот дод.
Сокинони деҳа А.Сайидов, Қ.Раҳмонов, С.Қаюмова ва дигарон дар баромадашон изҳор доштанд , ки баҳри пойдории сулҳу субот ва сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон якдилона меҳнат менамоем.
Дар Аксияи тарғиботӣ–амалии ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони деҳа барои боз ҳам ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва саҳм гирифтан дар корҳои ободонии ноҳия омодагии хешро изҳор доштанд.
Дар доираи талаботи ҷадвал дар анҷоми суҳбат намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаббуси нави Тоҷикистон дар масоили об-Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бозиҳои варзишӣ-вазнбардорӣ викторина ташкил ва гузаронида шуданд.