ПАНҶ. Тоҷикону ӯзбеконро ҳамзистии чандинасра ба ҳам наздику ҳамтақдир кардааст. Дар Осиёи Марказӣ ягона миллатҳое, ки аз рӯйи урфу одат, расму русум ва анъана ба ҳам наздиканд, тоҷику ӯзбек мебошанд. Тӯли асрҳо ҳамзистӣ халқҳои мо шодиву ғамро якҷоя дидаанд.
Вобаста ба ин дар маҳаллаи Улуғбеки ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумии маҳал баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббус ва иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия роҳандозӣ гардида, дар он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Улуғбек” ширкат намуданд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноия Файзиев Каримҷон баромад намуда, атрофи дар муддати хеле кӯтоҳ батадриҷ қавитар гардидани муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ду кишвари бародар суханронӣ намуд. Ҳамаи ин дастовардҳо баъди ба кишварҳои якдигар ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумхурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муяссар гардиданд.
Баъдан, дар ҷараёни чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар ва намояндаи ҷамоати деҳот оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз пайомадҳои хатаровари ҷаҳони муосир-терроризм ва экстремизм, фаъолияти ҳизбҳои дар кишвар мамнӯъ ва тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ бо мақсади тарбияи ахолоқиву маънавии ҷавонон ибрози андеша намуд.
Чорабинии фарҳангӣ-ҳунарии маҳал бо намоиши меҳнату заҳмати сокинони маҳал, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, ки дар таъмини амнияти озуқавории ноҳия саҳмгузор мебошанд, идома ёфт.
Қисмати интиҳоии чорабинӣ бо супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба нафарони ба сафи ҲХДТ пайвастшуда роҳандозӣ гардида, бо супоридани Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба фаъолони маҳал, ки дар чорабинии фарҳангӣ саҳмгузор буданд, ҷамъбаст гардид ва онҳо барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват гардиданд.