БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият имкон дод, ки фарҳанги миллӣ рушд кунад !

ҲАМАДОНӢ.  Дар асоси нақша-чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳалаи Закариёи Розӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлатҷол Ғаффорзода чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур шоирони шинохта Алимуҳаммад Муродӣ ва Юсуфиё Ислом Юсуф иштирок намуда, аз дастовардҳои ҳунармандони мардумӣ дидан карда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд.

Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи эълон гардидани соли  2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, дар бораи риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ кард.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноњияи Ҳамадонӣ таронаҳои ватандӯстона пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg