БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - нерӯи муттаҳидкунандаи аҳли ҷомеа мебошад

ПАНҶ. Дар доираи татбиқи бандҳои ҷадвали вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ чорабиниҳои ташвиқотиву таблиғотӣ дар сатҳи баланди  сиёсӣ роҳандозӣ гардида, сокинон баргузории онҳоро бо хушнудӣ қабул намуда истодаанд.

Дар натиҷаи ин робитаи ҳизб бо маҳал густурда гардида, он ба нерӯи муттаҳидкунандаи қишрҳои ҷомеа  табдил ёфтааст.

Чунин як чорабинии судманд бо аҳли ҷамоатчигии маҳаллаи Сурхави ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳия баргузор гардид.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони маҳал шурӯъ гардида, сароғоз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон ба сухан баромада,  таъкид намуд, ки тоҷикон аз азал  бо меҳнатдӯстӣ, ҳунармандӣ  ва меҳмоннавозӣ шуҳратёр гаштаанд. Исботи ин гуфтаҳо аз насл ба насл ва то замони мо расида омадани ҳунару касбҳои гуногуне, ки аҷдодонамон бо ин шуғл меварзиданд, мебошад.

Ҳамчунин, дар идома оид ба тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон нигоҳ доштани фарҳанги либоспӯшии миллии тоҷикон, ки нишонае аз таъриху фарҳанги қадимаи мо ва ҳамзамон  халқияту миллат мебошад, қайд намуд.

Дар идома вакили мардумӣ Сангов Пирназар зимни суханронӣ оид ба иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардаҳои 27 соли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҳамзамон бо мақсади ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи бегонапарастию гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ, бо истифода аз усулҳои муосири кор бо табақаҳои иҷтимоӣ, боз ҳам пурзӯр намудани ҷалби нерӯи ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот ба равандҳои созандагию бунёдкорӣ ва оид ба ихтиёрӣ хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ намуд.

Дар итмом занону бонувони ҳунарманду чирадасти маҳаллаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

 

 

                                                                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg