БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксия ва озмунҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳал роҳандозӣ мегарданд

ЁВОН. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати  фаҳанги миллӣ  эълон гардидааст, дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат ва  директори Маркази пешгирии ВНМО ва дигар шахсони даъватӣ  роҷеъ ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар баргузории Аксия ва озмунҳои ҳизбӣ, саҳм доштан дар ободонию созандагии маҳал, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми шавҳар ва калонсолон, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, солимии ҷомеа ва ғайра суханрони намуданд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медоданд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази намоиш гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуда, беҳтаринҳо барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg