БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон барои ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омодагӣ мебинанд

БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Балҷувон дар нимаи дуюми соли 2018 оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   бо сокинони  деҳаҳои Диҳии куҳна ва Боймирзои ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия вохӯрӣ доир гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ, татбиқи Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, сафарбар кардани сокинон ба корҳои   бунёдкориву созандагӣ, пешгириии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнӯъ,  гирифтани пеши роҳи хурофоту бегонапарастӣ,  риояи талаботи қонунҳои миллӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон,  истифодаи сарфаҷӯёна аз нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизмати  он, пешгирӣ аз мебориҳои сироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg