БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифз ва эҳёи ёдгориҳои ниёгонамон вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ин навбат дар деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугараки бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан Сафарова Ҳафиза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз қабили сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар кишвар мамнуъ, пешгирӣ аз таассуби динӣ ва бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона, огоҳ кардани ҷомеа аз хатарҳои истифодаи нодурусти технологияҳои муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ-ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, Ситамова Роҳила бо мақсади сазовор пешвоз гигифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободу зебо гардонидани кишвари азизамон сокинонро барои иштирок дар Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» даъват намуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg