ВАХШ. Вохӯрии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Оқтеппаи ҷамоати шаҳраки Киров бо сокинони маҳал баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов иштирок ва дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва риояи талаботи қонунҳои амалкунанда раҳнамоӣ кард.
Инчунин, мавсуф иброз дошт, ки ҳунарҳои миллӣ натанҳо меъроси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳангӣ- маънавии замони муосир маҳсуб меёбад.
Дар охири чорабинӣ ба раиси ташкилоти ибтидоии «Оқтеппа» бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои ташкили чорабинии бо шукуҳ сарфароз гардонида шуд