БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёшавии ҳунарҳои дастӣ боиси сарфарозии ҳунармандон ва аҳли ҷомеа гардид

КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Тамошотеппаи шаҳри Кӯлоб бо ҷалби сокинон гузаронида шуд. 

Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии корманди масъули ҳизбӣ қайд гардид, ки роҳи тайнамудаи ҲХДТ ва самташ муайян ва мушаххас буда, он бо роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ояндаи пурсаодати миллат ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Инчунин, дар вохӯрӣ оид ба эҳё ва зинда гардонидани ҳунарҳои қадимаи миллӣ баёни андеша гардида, гуфта шуд, ки бо эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои дастӣ тараққӣ ёфта, боиси сарфарозии ҳунармандон ва аҳли ҷомеа гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg