БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сиҳатии аҳолӣ пеш аз ҳама риояи қоидаҳои санитарӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Даво» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан иштирок ва сухунаронӣ намуданд.

Наҷидуллоев Тавакал  ба сухан баромада,  дар назди ҷамъомадагон оид ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ суханронӣ карда,  зикр намуд, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст. Агар ҳар яки мо чораҳои пешгирӣ  аз бемориҳои сирояткунандаро сари вақт андешем, сафи гирифтори бемориҳои сироятӣ ба маротиб кам мешавад. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бошад, имкон фароҳам меорад, ки мо ҳама вақту ҳама замон на танҳо аз бемориҳои сироятӣ, балки аз ҳамаи намуди бемориҳо эмин мемонем ва нагузорем, ки бемориҳои сироятӣ гиребонгири вуҷуди мо бошад.

Сипас,  дар идома  мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg