БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон дар пайи амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ мебошанд

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Палвонтуғайи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳия дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал  чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти чорабинии фарҳангӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ваҳобиддин  Абдуллоев суханронӣ карда, афзуд, ки  аз   ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ бештар гардида, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.        

Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону бонувон  метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунарҳои мардумӣ  шароити иқтисодии худ ва наздиконашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.

Инчунин, ба иштирокчиён фахмонида дода шуд, ки барои тарбия намудани насли наварас дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, эҳтироми калонсолон, давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароити арзанда  фароҳам оваранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg