БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шавқу завқи баланд доранд

ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Гулафшон»  бо иштироки  сокинони  кӯчаҳои баландошёнаи  Сомонӣ 26, 28 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар ва  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Зимни суханронӣ Ватанзода Сайҷаъфар   ибрози андеша намуд, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ, ҷиҳати дарки саривақтии ҷомеа, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб ва оқибатҳои ногувори он, даъвати  аскарбачаҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон, инчунин дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ-ро ба ҳозирин фаҳмонид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокдорон барои ташкили чорабинии фарҳангӣ  Сипосномаи  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант тақдим карда шуд.

Ҷамъомади идонаро ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Левакант ҳусни тоза бахшиданд.    

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg