БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ баҳри эҳёи анъанаҳои неки ниёгон

ДӯСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ масъулин дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои Пахтакор ва Умеди ҷамоати деҳоти Навзамин  дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон» ва «Кадбонуи беҳтарин» ташкил ва гузаронида шуд.

Озмуни ҳизбиро и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияиДӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ҷалолов Абубакр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Боймурод Муродов ва Сӯҳроб Аминов аз наздик дидан намуданд.

Дар озмуни мазкур сокинони деҳаҳои Пахтакор ва Умед маҳсулоти дастранҷи худро, аз қабили дӯзандагиву ресандагӣ, қуроқдӯзиву мӯҳрабандӣ ва рассомӣ дар маҷмӯъ тамоми маҳорати дасти занонро  ба маърази намоиш гузошта буданд. Ҷавонписарони деҳот ҷиҳози қадимаи рӯзгор, асбобҳои мусиқии қадима, инчунин санъати миллии қадимаи ниёгонро  ба  намоиш гузоштанд, ки иштирокдорон аз ин ҳунари қадима бори дигар огоҳӣ пайдо карданд.

Дар баробари баргузории озмунҳои ҳизбӣ барномаи рангини консертии ҳунармандони деҳоти мазкур пешкаши меҳмонон гардонида шуд, ки сокинон аз тамошои барномаи фарҳангӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg