“Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд
АНДЕША. Парчам аз шумораи муқаддасоти Ватан буда, ҳастии кишвари воҳиду соҳибистиқлолро инъикос мекунад. Парчами Тоҷикистон низ аз мавҷудияти халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дарак медиҳад. Се ранг ва тоҷи он исботи ҷасорат ва соҳибдавлатӣ мебошад. Парчами Тоҷикистон аз ҷиҳати зебоӣ ва муҳтавоӣ ҳар ҷузъиёташ дар қатори парчамҳои беҳтарини дунё қарор дорад.