Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо аъзои маҳфили волонтёрии ҳизбии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудан ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб, бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Парчам рамзи давлатдорӣ»-ро баргузор намуда, ба сокинон парчамҳо ва варақаи таблиғотии «Ливои мост - ливои халқ» -ро тақсим намуданд.
Ҳамчунин, бо сокинони шаҳрак суҳбату вохӯриҳо гузаронида, барои риояи талаботи пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус, аз қабили риояи гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи доимии ниқоб ва маҳлулҳои антисепикиро фаҳмонида доданд.