БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ НИШОНА АЗ СОҲИБИСТИҚЛОЛИСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Чорабинии тантанавиро муовини раиси ноҳия Бегмуродзода Файзиддин  ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Баъдан Маҳмадсаид Абдулҳаев раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба сухан баромада, қайд дошт,ки ба ҷо овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромонона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.
Дар фарҷом аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроия ба фаъолони ҳизб Сипосномаҳо бахшида ба рӯзи Парчам супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg