БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНАМ!

Тоҷикистон аз манӣ ту бо ҳама шоду ғамат,
Парчами ту ҷилвагар дар сарзамини миллатат.
Ранги сурху сафеду сабзе, ки дар бар кардаӣ,
Ин нишони тақдири мардуми сарбаландат.

АНДЕША. Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусусиятҳои хоси давлатдории худ фарқ мекарданд ва дар таърих аз худ хати равшанеро дар самти рамзҳои давлату давлатдорӣ гузоштаанд. Таърих хушбахтона, бисёр аз ин нишонаҳоро дар худ нигоҳ дошта омадааст. Парчам яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар масири таърих ва давлатдории тоҷикон дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ мебошад. Муқаддас донистани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар ҳар давру замон онро барои ҳаёти осоишта ва пирӯзии адолат баланд мебардорад. Парчам ҳанӯз давраи қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва ифодагари нангу номуси ватандорӣ эътироф шудааст. Лоиқ ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад.

Аҷдоди шарафманди мо на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён таъсис додаанд, балки яке аз давлатҳое мебошанд, ки соҳибпарчам буданд. Хушбахтона, аз рӯи расм ва оинҳои бостонӣ баъзе шаклу сохти парчамҳо барқарор гардидаанд, ки дар ҳақиқат як ҷузъи ойини давлатдории тоҷикон ва шоҳиди равшани арҷ гузоштани аҷдоди мо ба ҳамаи парчамҳои гузаштагони худ мебошад.
Доир ба суннати парчамдории давлатҳои абарқудрати гузаштагони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “ Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неуманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.”

Парчам (байрақ)-и Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Боиси ифтихор аст, ки ин санаи муқаддас њар сол дар саросари кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори баланд дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва  истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромонона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Умедаи Акрамзода, масъули пахши сомонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg