БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУРАХШИ ХУРШЕДИ ТОБОН БОЛОИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁД ПАРАФШОН АСТ

АНДЕША. Чуноне ки  мо хурду бузурги кишвар аз таърих огаҳӣ дорему медонем,  санаи 16- уми ноябр  ҳамчун  рӯзи  наҷотбахшандаи давлату миллат, тақдирсоз,  нурбахшандаи   қалбҳо, чароғонии  хонадони тоҷикистониёну  давлатҳои дуру наздики минтақа ва дар маҷмуъ рӯзи амалишавии орзуву ормонҳои деринаи миллати тоҷик ба шумор меравад.

Ин рӯзи муборак иҷлосияеро истиқбол намуда, ки баробари  ба фаъолияти кории худ шурӯъ намуданаш  тақдири минбаъдаи ҳастӣ ва заволи миллату давлатро дар харитаи сиёсии ҷаҳон муайян намудааст. Дар ҷараёни баргузории иҷлосияи таърихии тақдирсоз,ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 идома карда,корҳои муҳиму бузургеро рӯи кор гирифта,ки назирашро таърихи давлатдории ҷаҳонӣ  ангуштшумор ёдовар  мегардад. Дар ин  давраи ҳассос ва бо сабабҳои даргириҳои бемаънии қавмӣ ва ҷанги бародаркушӣ,ки фарогири саросари кишвари азизамонамон гардида буд, рукнҳои муҳими давлатдорӣ заифу  миллат дар ҳоли парокандагиву давлат дар ҳолати завол қарор дошта,  аз  амну осоиштагӣ ва кафолати ҳифзи  ҳуқуқу озидиҳои шаҳрвандон  асаре боқӣ намонда буд. Гурӯҳҳои  террористию  экстремистӣ ва абарқудратҳои манфиатҷӯ  рӯз аз рӯз мавқеи худро мустаҳкам намуда, амалҳои муғризонаашонро бо ҳар роҳу васила дар ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ роҳандозӣ менамуданд.

Бараъло эҳсос мегардид, ки давлату миллат дар он вазъият ба нобиғаи нотакрор, сиёсатшинос ва  коршиноси варзида ниёз дошт. Маврид ба зикр аст, ки  бахт ба рӯи миллату давлати тоҷикон бори дигар хандид. Иҷлосия Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони ҷавонро  ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб намуд. Аз 198 нафар вакилони дар иҷлосия иштирокдошта  ҳамагӣ номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҷонибдорӣ намуданд.  Дар баробари дастгирии рӯякии бештари вакилон аз номзадии  шахсияти арзанда ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ботинану зоҳиран ба ояндаи неки худу бақои давлат боварӣ надоштанд. Нобоварии вакилони мардумӣ дар он зоҳир мегардид,ки зимни баргузории иҷлосия зарурати дар баробари ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла  масъалаи бақои давлату миллат,ки муҳиму калидӣ ба шумор мерафт, таклифи бар душ гирифтани  роҳбарии мамлакат  назди ҳар як иштирокчӣ гузошта шуда буд. Аммо ба ғайр аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳеҷ аз иштирокдоштагон ин таклифи раёсати иҷлосияро қабул намешумориданд, зеро ин таклифи заҳматталаб  аз ҳар як намояндаи мардумӣ қобилияти баланди истеъдоди роҳбарикунанда доштану  бо ҷони хеш тавакал карданро тақозо мекард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таклифи раёсати иҷлосияро бо як ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, боварӣ ва ғурури  дилпуронаи тоҷикона пазируфта,  назди ҳозирин қавл дод, ки тамоми донишу истеъдод ва ҳатто лозим шавад  ҷонашро барои миллату давлат дареғ намедорад. Новобаста аз ин аз ҳар гӯшаи толор  садоҳои маъюсонаву ноумедӣ ба фардои неку ояндаи бобарори кишвар шунида мешуд. Ҷое садоҳои вакилоне ба гӯш мерасид,ки бо чунин шева: «Ин бачаи ҷавон аз  уҳдаи ин вазифаи масъулиятпазир баромада наметавонаду   ҷони ҷавони хешро  қурбони ин нобасомониҳои кишвар карданист»  ё ҷойи дигар баъзеи иштирокдоштагони иҷлосия ба қавли худ тасдиқ мекарданд, ки «аллакай  ин ҷавон ҳайф шудаасту дар рӯзҳои аввали роҳбариаш аз байн бурда мешавад». Тамоми он  сару садоҳо ва гумонҳои нобоваронаи аксарияти вакилони ишкирокдоштаи иҷлосия то имрӯзҳо аз  мадди назар ва хотироти хурду бузурги кишвар, алалхусус шоҳидони воқеии ҳодисоти хунини онвақта  дур нагашта, зимни ёдовариашон аз он айёми шум ашкрезон  авроқҳои рангини таърихи тоҷикро  варақгардон менамоянду ба қобилияти инфиродӣ ва нотакрор доштани  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсану офарин хонда, ризомандии хешро пайваста иброз менамоянд.

Неъматов Абдуҷаббор, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg