Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо фаъолони ҳизб дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” доир гардида, дар он иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ зиёда аз 1 километ роҳро сангфарш намуданд. Иқдомҳои неку созандаи ҳизбиён аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо хушнудӣ пазируфта шуда, чунин корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо маром идома дорад.