КӮЛОБ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони назди ҳизб Аксияи васеъи ҳизбӣ зери шиори “Ливои мост – ливои халқ” бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аксияи мазкур дар роҳравҳо, кӯчаҳои марказии шаҳри Кӯлоб доир гардида, ба сокинон аз ҷониби волонтёрон варақаҳои табрикотӣ ва парчамҳои хурд тақсим гардид.