Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз,
Рӯзи мавлудат муборак, модари ҷони азиз.
Оли Сомон зинда гашту ҷовидон монд дар ҷаҳон,
Ҷовидону ҷовидон монд Оли Сомони азиз!
АНДЕША. Дар таърихи давлатдории ҳамаи халқҳои рӯи замин Парчам ҳамчун рамзи зиндагӣ мавқеи хосса дорад. Зеро он нишонаи таъриху фарҳанги мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Албатта, парчами ҳар як давлат таърихи худро дорад ва он бо саҳифаҳои гуногуни он халқу миллат алоқаманд аст. Ҳамин тавр, таърихи Парчами тоҷикон низ аз дирафши машҳури Коваёнӣ оғоз ёфааст.
Таърихи асотириаш ба иттифоқи кулли маъхазҳои маълум чунон аст, ки пас аз он зулму ситами Заҳҳоки хунхор мардум ба дод омада, Коваи оҳангар пешбанди чармини худро дирафш сохт ва дар таҳти он мардумро алайҳи Заҳҳоки золим шўронд ва пирўз шуд, дирафши мазкур ҳамчун рамзи пирўзии миллӣ бар ҳакимони аҷнабӣ миёни қавмҳои ориёӣ муқаддас дониста шуд. Дар он ҳангом мардумони шўрида Фаридунро бар тахти Эрон шинониданд ва ин дирафшро ҳамчун дирафши хоссаи шоҳ бад-ў бахшидаанд, ки баъд аз ин ҳар шоҳе, ки ба тахт менишаст, дирафши мазкур ба ихтиёри ў дода мешуд.
«Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – ҳамчун аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии тоҷикон, дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихи Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёти муаррихон аз замони Фаридун боз вуҷуд доштааст, то дар ҳуҷуми араб ба дасти онон афтод ва нобуд шуд. Агарчи ибтидои зуҳури он ба ибороти имрўзӣ «асотирӣ»-ст, вале мавҷудияташ аз давраи империяи бузурги Ҳахоманишиён то ба ҳуҷуми арабҳо комилан собитшуда аст. Яъне, тўли 1200 соли воқеии маълум то зуҳури ислом муқаддастарин дирафши давлатдории эронитаборон будааст.
Сипас, Парчам ҳамчун қувваи пешбаранда ва руҳбаландкунандаи лашкар дар ҷангҳои зидди байни юнониёну форсҳо (асри 5 то милод) муборизаи суғдиён бар зидди арабҳо амалиётҳои ҳарбии Сомониён хизмат мекард.
Халқи мо зиёда аз 70 соли худро дар ҳайати давлати абарқудрати Шӯравӣ паси сар намудааст. Дар он замон низ тоҷикон парчами худро доштанд ва он мувофиқи талаботи ҳокимияти сиёсии кишвар вуҷуд дошт. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ парчам ҳамчун қувваи пешбарандаи лашкари Шӯравӣ дар мубориза бар зидди истилогарони немис барои ҳар як сарбозу афсар чун Модар-Ватан ба ҳисоб мерафт ва ҳифзи он аз ҳифзи ҷон авлотар буд. Аз даст додани парчами қисми ҳарбӣ барои ҳар як нафар ҷанговар ҷинояти вазнин буд ва мувофиқи қонуни замони ҷанг ҷазои сангинро дар назар дошт.
Парчами Тоҷикистон
14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо қарори Президиуми кумитаи марказии иҷроияи он аз 23 феврали соли 1924 парчами давлатӣ қабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи он нишони давлатӣ бо навиштаҷоти «Пролетариатҳои ҳамаи давлатҳо як шавед!» акс ёфта буд.
16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИҶШС шомил карда шуд. Моҳи апрели ҳамон сол парчам дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули парчам аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он панҷ маротиба таҳрир ворид карда шуд, аз соли 1953 бе таҳрир то соли 1991 мондааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Ҳангоме, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ эътироф гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами ҷумҳурии нави соҳибистиқлол таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2 марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар бинои созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Туркманистон бардошта шуд.
Соҳибистиқлол гаштани кишвари тоҷикон ба халқу миллат бори дигар имкон дод, ки ба гузаштаи худ назар кунад, аз таърихи аҷдодони худ дарс гирад ва Парчами наверо партавфишон созад, ки воқеан баёнгари кишвари озоду соҳибистиқлоли мо бошад. Зеро рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба солҳое рост омад, ки душманони Заҳҳокнажоди миллат мехостанд, кишварро ба коми нестӣ баранд.
Ҳамин тавр, то санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро Комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Аксарияти барандагони озмуни беҳтарин Парчами миллӣ матои серангаро (яъне, матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне, ранги сурх – озодӣ, сафед – оромӣ, сабз – ободии давлат ва миллатро бозгӯ мекард.
Ҳамин тавр, Комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шахрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард. Ба ин нигоҳ накарда, санаи 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар Иҷлосия “Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаи 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳконон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».
Аз ин хотир, бояд арҷ гузошт, ки Тоҷикистон дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудияташ ҳамчун ҷумҳурӣ, бори аввал парчами ин кишвар ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «ИСТИҚЛОЛИЯТ» дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо рамзи фарқкунандагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигар Иттифоқ дар фарқият қарор медод. Парчами нав бошад, акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё дар тафовут мебахшид.
Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омад. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дурурдароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онҳо ба ояндаи созанда дучанд эҳё шуд.
Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 м) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳи давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи бузургии халқи тоҷик ва давлатдории қадимии он мебошад. Ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тули таърих ба даст овардаанд.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварро дар руҳияи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ ва ватану ватанпарастӣ тарбия менамоянд”.
Инро қайд кардан бамаврид аст, ки маҳз тавассути талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон ба як давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфтааст. Мо мардум ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки номаш “ИСТИҚЛОЛИЯТ” аст, бирасем. Дар баробари ин, муқаддасоти миллиро ҳифз ва эҳтиром намоем. Бо заҳмату талошҳои худ ин ватани азизу маҳбубамонро ободу зеботар гардонем.
Ҳамасола рӯзи 24 ноябр ҳамчун рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи ҳамдиёронро ба муносибати Рӯзи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният менамоем. Дар фаъолияту кору пайкорашон баҳри гулгулшукуфии ватани азизамон комёбиҳо орзумандем.
Тоҷикистони азизам, парчамат поянда бод,
Мавҷзан дар зери гардун, қосиди оянда бод.
Парфишон гашта ливоят дар фазои беканор,
Шуҳрати ту бахти моро боз афзоянда бод!
Асроров Саидшо, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон