ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Парчам -рамзи давлатдорӣ” гузаронида шуд.
Дар рафти Аксия масъулини ҳизбӣ ба сокинон ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маводҳои таблиғотӣ ва парчамҳо тақсим намуда, онҳоро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд. Инчунин, қайд намуданд, ки Парчами миллӣ ин рамзи сулҳу субот, соҳибдавлатӣ соҳибистиқлолию якпорчаигии кишвари азиз маҳсуб меёбад. Бинобар ин муҳаббат ба муқаддасоти миллӣ ва гиромидошти он аз ҳисси баланди ватандориву меҳанпарастии мо мардуми сарбаланди тоҷик дарак медиҳад.