ПАНҶ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо синфҳои болоӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами худ муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин эҳтироми миллат ба давлату давлатдорӣ мебошад. Инчунин, дар охир намояндагони ҳизбӣ иштирокдоронро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод гуфта, онҳоро барои дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти он раҳнамоӣ карданд.